ҶАШНИ САДА ДАР ДЕВАШТИЧ. Он бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 январ дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич ҷашни Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд, дар ҷашнгоҳ намоиши маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, техникаҳои кишоварзӣ, созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрас, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, намудҳои гуногуни хӯроку хӯришҳои миллӣ ва маҳсули дасти занони ҳунарманд ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ҷашни Сада, ки асосан иди кишоварзӣ ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ мебошад, кишоварзон дар маркази ноҳия ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил намуда, бо нархҳои нисбат ба бозор арзон ба фурӯш бароварданд.
Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода иброз намуд, ки таърихи ҷашни Сада, дастовардҳои кишоварзони ноҳия, аҳамияти зиёд намудани майдони заминҳои корам ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ба иҷрои ҳадафи стратегии мамлакат- таъмини амнияти ғизоӣ равона гардидааст.
Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик буда, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардид ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи ду ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯз ва Меҳргон ҷашни Сада низ аз нав эҳё ва барқарор гардид. Тавре Пешвои миллат иброз намудаанд: «Бо шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд».
Мардуми бофарҳанги ноҳия таҳти ғамхории Пешвои миллат пайваста кӯшиш менамоянд расму оинҳои миллии аҷдодии худро, ки дорои моҳияти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва этнографӣ мебошанд, ба таври ҳамешагӣ зинда нигоҳ доранд.
Ҷашни Сада ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт ва оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст. Иди Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстию рафоқат мебошад, ки аз ҷониби мардуми шарафманди тоҷик ҳамасола бо риояи тамоми суннату анъанаҳои хос таҷлил мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич













Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






