Аз оғози соли 2025 андозаи ҷарима барои ронандагон ва ширкатҳои нақлиётӣ баланд гардид
ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январи соли 2025 андозаи ҷарима барои соҳибони воситаҳои нақлиёт ва ширкатҳои нақлиётӣ боло бурда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки андозаи ҷарима ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ аз рӯи «нишондиҳанда барои ҳисобҳо» муайян карда мешавад ва болоравии он ҳаҷми тамоми ҷаримаҳо ва пардохтҳои ҳатмиро баланд мебардорад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», маблағи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон аз 72 то 75 сомонӣ зиёд карда шудааст.
Дар робита ба ин аз 1 январи соли 2025 андозаи ҷаримаҳо барои ронандагон ва ширкатҳои нақлиётӣ барои вайрон кардани баъзе қоидаҳои ҳаракат дар роҳ афзоиш ёфт. Аз ҷумла, мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қоидаҳои интиқоли борҳои хатарнок, калонҳаҷм, вазнин ва маҳдудияти мавсимии вазн ва сарборӣ ба меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумӣ аз 3750 то 5250 сомонӣ (соли 2024: 3600 — 5040 сомонӣ) ҷарима таъйин карда мешавад. Барои ҷалби ронандагон ба идоракунии воситаҳои нақлиёте, ки борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва вазнинро бе иҷозати дахлдор ва аломатҳои шартӣ интиқол медиҳанд, ба шахсони мансабдор аз 9000 то 11250 сомонӣ (соли 2024: 8640-10800 сомонӣ), ба шахсони ҳуқуқӣ – аз 22500 то 30000 (соли 2024: 21600 -28800) сомонӣ ҷарима таъйин гардидааст.
Инчунин ҷарима барои идоракунии воситаи нақлиёте, ки дар муҳлати муқарраргардида аз муоинаи техникии ҳатмии давлатӣ нагузаштааст, 225 сомонӣ (соли 2024: 216 сомонӣ), барои идоракунии воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати суғуртаи ҳатмӣ – 75 сомонӣ (соли 2024: 72 сомонӣ), барои итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба аломатҳои чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгари ҳаракат – аз 225 то 375 сомонӣ (соли 2024: 216 — 360 сомонӣ), барои бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ идоракунии воситаҳои нақлиёти боркаш, ки ба интиқоли одамон машғуланд, инчунин идоракунии воситаҳои нақлиёти дигар, ки барои интиқоли мусофирон пешбинӣ нашудаанд, аз 150 то 225 сомонӣ (соли 2024: 144 — 216 сомонӣ) муқаррар гардидааст.
Ҳамзамон барои риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, аломатгузории роҳҳо, истифодаи асбоби равшанӣ дар вақти торикӣ ё дар ҳолати нокифоя будани равшанӣ, таваққуфгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, гузаргоҳҳои пиёдагард, ҳаракат дар роҳравҳо, роҳҳои пиёдагард, дар хати барои воситаҳои нақлиёти мусофирбар муқарраршуда ё дар хати чапи ниҳоӣ ҳангоми мавҷудияти дигар хатҳои озод дар ин самт, 75 сомонӣ (соли 2024: 72 сомонӣ), барои рондани мошин бо суръати аз меъёри муқарраршуда зиёд – аз 75 то 225 сомонӣ (соли 2024: 72-216 сомонӣ), барои вайрон кардани қоидаҳои аз дигар мошин пеш гузаштан ва гузариш аз чорроҳаҳо – аз 225 то 375 сомонӣ (соли 2024: 216-360 сомонӣ), барои баромадан ба хати муқобили ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми ба вуҷуд омадани танбашавӣ – аз 375 то 525 сомонӣ (соли 2024: 360 — 504 сомонӣ) ҷарима таъйин карда шудааст.
Барои вайрон кардани қоидаҳое, ки боиси ба вуҷуд омадани вазъияти садамавӣ мегарданд, яъне дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳро маҷбур месозанд, ки суръат ё самти ҳаракатро ба таври назаррас тағйир диҳанд ва ё барои таъмини амнияти худ ё амнияти дигарон тадбир андешанд – аз 225 то 375 сомонӣ (соли 2024: 216 — 360 сомонӣ), барои идоракунии воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, инчунин додани идоракунии воситаи нақлиёт ба шахси дар ҳолати мастӣ қарордошта – 22500 сомонӣ (соли 2024: 21600 сомонӣ), барои вайрон кардани қоидаҳое, ки ба воситаҳои нақлиёт, бор, роҳ, иншооти роҳ ё дигар молу мулк зарар расонидаанд – аз 225 то 375 сомонӣ (соли 2024: 216-360 сомонӣ), роҳхат ва иҷозат додан ба идоракунии воситаҳои нақлиёт ба ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ қарор доранд ё шахсоне, ки ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиётро надоранд — 22500 сомонӣ (соли 2014: 21600 сомонӣ) ҷарима муқаррар гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд






