БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар Раёсати андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо соҳибкорон мулоқот баргузор шуд
ХОРУҒ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти кормандони масъули ин раёсат бо соҳибкорони маҳаллӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Сардори Раёсати андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шамс Сафарзода саҳми соҳибкоронро дар иҷрои нақшаи солонаи андоз ва пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят арзишманд ҳисобида, иброз дошт, ки давлат дар назди шаҳрвандон ва шаҳрвандон дар назди давлат дорои уҳдадориҳои хос мебошанд. Аз иҷрои маҳз ҳамин масъулияти тарафайн ҳам буҷети давлатӣ ғанӣ мегардад ва ҳам бисёр масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ҳал мешаванд.
Ҳамин аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бори дигар таъкид гардид, ки ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла масъалаи гузариш ба низоми ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисод нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва таъсиси ҷойи кор ба ҳама намуд санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз то якуми январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд.
Дар ин давра фаъолияти он соҳибкороне санҷида мешавад, ки пардохти андози ҷорӣ ва бақияпулиҳои андозро ба таъхир мегузоранд, маблағи андозро пинҳон медоранд ва ё дигар қонунгузориҳои андозро вайрон мекунанд. Соҳибкороне, ки сари вақт андозашонро месупоранд, аз чунин санҷишҳо дар канор мемонанд.
Ҳамчунин ба мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия элон карда шаванд.
Шамс Сафарзода гуфт, ки ин ҳама ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум мебошад. Бинобар ин зарур аст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ масъулияти хешро дар назди давлат софдилона иҷро намоянд. Зеро пойдории давлату миллат аз иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ҳар шаҳрванд маншаъ мегирад.
Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароит бобати фаъолияти мусоиди кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ дар вилоят тадбирҳои муассир меандешад. Соли 2024 дар маркази шаҳри Хуҷанд барои кормандони Раёсати андози вилоят бинои муосири сеошёна бунёд гардид. Ба ин васила ҳам барои кормандони Раёсати андоз ва ҳам шахсони ҳуқуқию воқеӣ ва соҳибкорони инфиродию дигар андозсупорандагон шароити хуби кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шуд. Дар ҳар ҳуҷраи корӣ таҷҳизоти муосир насб шудааст. Чунин таҷҳизоту фанновариҳои замонавӣ ба соҳибкорон имконият медиҳанд, ки бо истифода аз шабакаҳои интернет эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории андоз сари вақт шинос шаванд. Ҳамчунин тавассути замимаи мобилии «Андози ман» аз ҷои кор ва ё манзилаш худро ҳамчун соҳибкор сабти ном кунад.
Зимни мулоқот байни кормандони мақомоти андоз ва соҳибкорон доир ба баъзе меъёрҳои низоми андозсупорӣ мубодилаи афкор доир шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






