Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд

Январь 3, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 03.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Воқеан ҳам Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳуҷҷати муҳим ва роҳанамое мебошад, ки ба рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ мусоидат менамояд. Чунин иброз намуд президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Паёми Президенти Тоҷикистон  – роҳнамои имрӯзу фардои миллат», ки имрӯз дар академия баргузор шуд.

Таъкид шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо назардошти ҳассос будани авзои ҷаҳони муосир масъалаҳои иқтисодии ҷомеаро дар меҳвари худ қарор дод. Масъалаҳои дурнамои бахшҳои хусусӣ, воридоту содирот, таъмину таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкиму устувории буҷети давлатӣ, масъалаҳои зиёди молиявӣ, ҳолат ва авзои сармоягузорӣ, рушду тавсеаи соҳибкорӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, татбиқи лоиҳаҳою барномаҳои гуногуни иқтисодӣ, низоми натиҷабахши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди соҳаи энегетикии ҷумҳурӣ ва амсоли ин дар ҳамбастагию робита бо ҳамдигар мавриди баён қарор доштанд, ки бозгӯкунандаи сиёсати созандагию бунёдкории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Инчунин дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод кгардид, ки солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд. Соли 2025 азбаски Соли рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардид, олимони моро зарур аст, ки дар рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия саҳми босазо гузоранд.

 АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 3, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд