Дар Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти низоми суғурта дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

Январь 10, 2025 13:33

ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба вазъи мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷаҳон нишондиҳандаҳои  асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла нишондиҳандаҳои асосии низоми суғуртаи мамлакат дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардиданд. Ин нуктаро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар ҷаласаи корие, ки  бо иштироки роҳбарони ташкилоти суғуртавӣ ва Ассотсиатсияи миллии ташкилоти суғуртавии Тоҷикистон баргузор гардид, иброз дошт. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз  Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа фаъолияти низоми суғуртаи мамлакат дар соли 2024  натиҷагирӣ гардид.  

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ гуфт, ки барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавӣ дар соли 2024 бобати таъмини рушди низоми суғуртаи мамлакат тамоми имконияти мавҷударо истифода бурда, тадбирҳои саривақтӣ ва самаранок андешид.

Вобаста ба вазъи низоми суғурта гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани низоми суғурта фаъолият карда, ислоҳоти соҳаро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, соли 2024 бо мақсади таҳкими заминаи қонунӣ ва мукаммалгардонии соҳа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Инчунин дар бораи пурра ба таври ғайринақдӣ анҷом додани амалиёти суғуртавӣ ба ин қонун илова ворид карда шуд, ки дар айни замон дар марҳилаи ниҳоии қабул қарор дорад.

Ҳамзамон бо қарорҳои дахлдори Раёсати Бонки миллӣ ду санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа таҳия ва қабул гардид, ки тартиби гузаронидани санҷиш ва ҳиссаҷудокуниҳо ба захираҳои суғуртавии ташкилоти суғуртавиро муқаррар менамоянд. Илова бар ин соли 2024 ба Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид, ки лоиҳаҳои шакли нави автоматикунонидаи ҳисоботи молиявӣ, нақшаи ҳисобҳои тавозунӣ ва тавсифи ҳисобҳои тавозунии алоҳидаро барои ташкилоти суғуртавӣ таҳия намуда, якҷо бо ташкилоти суғуртавӣ онҳоро такмил диҳад. Ин санадҳо ба ташаккули инфрасохтори асосии низоми суғуртаи мамлакат ва минбаъд аз байн бурдани номуайяниҳои амалиёти суғуртавӣ ва таъмини фаъолияти шаффофи субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ мусоидат менамоянд.

Дра ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024, фарогирии бозори суғуртаи мамлакат, нишондиҳандаҳои асосии соҳа, риояи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои мақбули мақоми назорати суғуртавӣ, мониторинги ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар низоми суғурта ва дурнамои рушди он сухан гуфта шуд. Дар қисмати муҳокимаи масъалаҳо намояндагони ташкилоти суғуртавӣ вобаста ба фаъолият, рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ҳадафҳои гузошта ҳисобот доданд.

Ташкилоти суғуртавӣ вазифадор гардиданд, ки тибқи муқаррароти қонунгузорӣ фаъолият намуда, барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, баррасии муроҷиати суғурташавандагон тибқи талаботи қонун, таъмини принсипи шаффофият, ҷорӣ намудани хизматрасонии муосир, вусъати корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва ба таври ғайринақдӣ анҷом додани ҳама гуна амалиёти суғуртавӣ кор баранд.

Дар анҷом таъкид шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани нақшаю вазифаҳои гузошта моро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ рушди низоми суғуртаи мамлакатро таъмин карда, барои ба яке аз бахшҳои муҳимми низоми молиявии мамлакат табдил додани он тадбир андешем.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Январь 10, 2025 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2509 сомонӣ муқаррар шудааст
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1096 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд