Дар Душанбе Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад

Январь 14, 2025 14:52

ДУШАНБЕ, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 январ дар шаҳри Душанбе Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад. Чорабинии мазкур дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар кори Анҷуман аз ҳар ду ҷониб 400 нафар иштирок намуда, пас аз ифтитоҳи расмии ҳамоиш наворҳои видеоӣ оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистону Эрон пешниҳод мегардад.

Сипас, кори Анҷуман дар панелҳои зерин: «Пулҳои тиҷоратӣ ва инноватсияҳо: Нигоҳи нав ба робитаҳои иқтисодӣ» ва «Кашфи уфуқҳои нав: Тоҷикистон ва Эрон –пайвасти фарҳангҳо дар ҷаҳони сайёҳӣ» идома меёбад.

Дар мавзуи «Пулҳои тиҷоратӣ ва инноватсияҳо: Нигоҳи нав ба робитаҳои иқтисодӣ» Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, инчунин роҳбарони мақомоти давлатии ҷониби эронӣ маъруза хоҳанд кард.

Дар кори панели дуюм, ки таҳти унвони «Кашфи уфуқҳои нав: Тоҷикистон ва Эрон –пайвасти фарҳангҳо дар ҷаҳони сайёҳӣ» баргузор мешавад, суханронии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти давлатии ҷониби эронӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар Анҷуман ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорони тоҷикистонӣ ва эронӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 15 январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Эрон чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Дар доираи сафар ҳамчунин 15-16 январ дар шаҳри Душанбе Форуми олимон ва пажуҳишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад. Дар ҳошияи форум иштирокчиён бо якчанд муассисаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос мешаванд.

Ҳамзамон меҳмонони форум мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисорро тамошо мекунанд.

АКС аз бойгонӣ

Январь 14, 2025 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид