Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо ТИКА баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 январ дар вохӯрии Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва Роҳбари Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТИКА) Иброҳим Этҳем Унал масъалаҳои марбут ба имконияти амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак, хусусан дар соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади густариши ҳамкорӣ бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ТИКА якҷо бо Бонки исломии рушд лоиҳаеро баррасӣ доранд, ки дар доираи он якчанд сафари омӯзишии кормандони кумита ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва марказҳои касбомӯзии Ҷумҳурии Туркия ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи лоиҳа имсол шуруъ мегардад.
Дар доираи лоиҳа мунтазам машварату тренингҳо барои роҳбарони муассисаҳои таълимии касбӣ ва мутахассисон дар соҳаҳои гуногун баргузор мешаванд, ки боиси баланд бардоштани малака ва сатҳи сифати таълим мегардад. Ин тадбирҳо, бешубҳа, ба таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ва омодасозии мутахассисон мусоидат менамояд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба таҳкиму густариши бештари ҳамкории муштарак ва истифодаи имконияту зарфияти мавҷуда изҳор намуданд.
Дар вохӯрӣ дигар масоили марбут ба рушди муносиботи ҳамкорӣ ва мавзуъҳои муҳиму мубрами барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
Соли 2030 дар ҳудуди Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад
Дар Душанбе татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо ширкати Чин баррасӣ шуд
Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — тадбири намунавӣ дар байни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Тоҷикистонро моҳи аввали фасли тобистон чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд






