Дар Харбин пойгаи дуюми барфии велосипедронии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид

Январь 14, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 январ дар Харбини Ҷумҳурии Мардумии Чин Мусобиқаи дуюми барфии велосипедронии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин.

Дар пойгаи велосипедронӣ 869 варзишгар аз давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд. Ҷойи якумро дастаи «Шэнгфанг Спортс»-и Чин, ҷойи дуюмро дастаи «Рагейн»-и Русия ва ҷойи сеюмро бошгоҳи варзишии «Harbin Jinying»-и Чин соҳиб шуданд.

Намояндагони котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ба ғолибони мусобиқа ҷом ва медалҳо тақдим намуданд.

АКС: Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин

Январь 14, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад