Дар ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ифтитоҳ гардид

Январь 25, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 25.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52 ифтитоҳ гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иншоот аз ду ошёна ва 4 синфхона иборат буда, барои 100 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52   600 хонанда дар 12 синфхона ба таълим ва тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 32 омӯзгор дарс мегӯянд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки  ки рисолати аслии омӯзгор дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас ба шумор меравад.

Раиси вилояти Хатлон дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён ҳамчунин бо гармхонаҳои шакли нав шинос шуд.

Дар назди хоҷагии деҳқонии «Ёрмаҳмад» аз тарафи Лоиҳа «Оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси озуқаворӣ ба хотири оянда» гармхонаҳои шакли нав ташкил шудаанд.

Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 4,60 гектар буда, дар он 3  гармхонаи доимӣ ташкил шудааст. Дар 2 адади он қулфинай парвариш шуда, дар 1 гармхонаи дигар дар масоҳати 0,50 гектар кӯчат тайёр карда мешавад. Дар боқимонда 3,50 гектар замини хоҷагӣ пунбадона кишт карда мешавад. Аз коштани тухмӣ то парвариш он тавассути технологияи муосири кишоварзӣ анҷом меёбад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Январь 25, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ду маркази муосири таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши илмӣ–маърифатӣ доир шуд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд