Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шаклгирии фарҳанги миллӣ ва заминаҳои он баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро «ҳастии миллат» ва «асоси мавҷудияти ҳар давлат» арзёбӣ намудаанд. Аз ин рӯ, фарҳанг бо мақсадгузориҳои муайяни инсонӣ ва дар ҳаёт амалӣ гардидани ин ормонҳо зич алоқаманд мебошад.
Дар замони истиқлоли давлатӣ зери сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги мардуми тоҷик пурра эҳё гардида, рушд ёфт, зеро Пешвои миллат ба соҳаи фарҳанг ҳамчун муаррифи миллат ва асоси ҳастии давлат эътибори хосса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки имрӯз фазои фарҳанги миллӣ ҳифз гардида, барои шаклгирии муосири ин нишона, таърих ва пояи ҳастии миллат тадбирҳо андешида мешаванд.
Тавре ки 28 декабри соли 2024 дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид, фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад.
Дарвоқеъ, Сарвари давлат зимни баррасии паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат таъкид намуданд, ки «то имрӯз мо Китобхонаи миллӣ сохтем, шабакаҳои махсуси телевизионӣ ташкил намудем, беш аз 100 ёдгории таърихию фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалиро таъмиру навсозӣ кардем, Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таъсис додем ва бисёр корҳои дигарро ба анҷом расонидем. Муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққат қарор дошта бошанд, зеро фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад».
Дар ҳақиқат, миллати тоҷик яке аз халқҳои дорои тамаддуни қадимӣ ва ғание мебошад, ки бо ташаббуси фарзандони фарзонаи миллат то ин дам ҳифз гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ ба ҳифз ва рушди фарҳангу тамаддуни қадимии худ пардохта, дубора ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуд, ки халқи мо дар таърих соҳибилм, соҳибҳунар ва соҳибтамаддун ва фарҳангсолор мебошад. Маҳз бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзеъҳои таърихӣ, ба мисли Саразми бостонӣ, ҷашну маросими миллати тоҷик, амсоли иди Наврӯз ҳамчун арзиши бузурги миллӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф шуда, ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки созмонҳои бонуфузи дунё ташаббусҳои хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта, Саразмро ба феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид намуданд ва 5500-солагии он ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва аввалин намунаи давлатдорӣ ҷашн гирифта шуд.
Барои боз ҳам рушд додани расму ойини гузаштагони миллати тоҷик ва муаррифии шахсиятҳои таърихӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маводи зарурӣ омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод карда шавад.
Ҳамзамон дар доираи татбиқи иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон ташкил шуда, фаъолият доранд. Дар онҳо барои ҳунармандону фарҳангиён имконияти васеи фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Тавре ки Сарвари давлат дар суханрониашон иброз доштанд, давоми 33 соли истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи он ба мардуми Тоҷикистон хизмат менамоянд. Дар ин замина роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки дар маркази ҳар шаҳру ноҳияи мамлакат барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода диҳанд.
Дар маҷмуъ, дастуру супоришҳое, ки дар самти фарҳанг дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дода шуданд, дурнамои фаъолияти тамоми фарҳангиёни ҷумҳурӣ мебошанд. Аз ин рӯ, аҳли фарҳанги мамлакатро мебояд, ки таҳти ҳидоятҳои Пешвои миллат ба хотири аз фарҳангу таърихи миллат хуб огоҳ будани насли ҷавон тадбирҳо андешида, барои ҳифз ва таҳкими худшиносии миллӣ пайваста талош намоянд.
Ҷамшед ҒАНИЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






