Дар Женева масъалаи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд

Январь 21, 2025 13:32

ДУШАНБЕ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ хонум Селесте Сауло дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба обу иқлим ёдовар шуда, таваҷҷуҳи хоссаро ба масъалаи оғози Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 ва ҷалби фаъолонаи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ба раванди татбиқи ин ташаббус ҷалб намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими иқтидори техникии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва омодасозии мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои обуҳавосанҷӣ, иқлимшиносӣ ва гидрология баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо барои густариш додани ҳамкории минбаъда ба мувофиқа расиданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 21, 2025 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд