ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Дар Тоҷикистон се маротиба барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ қабул шудааст

Январь 10, 2025 11:55

ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  10 январ Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муқаррар гардидааст.

Коррупсия мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир буда, ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ-иҷтимоӣ ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, некуаҳволии мардум, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад.

Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад.

Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мубориза бо коррупсияро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқию сохторӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.

Аз ҷумла, соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсияро қабул намуд ва уҳдадор гардид, ки қонунгузории худро ба ин конвенсия мутобиқ намояд ва мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсияро таъсис диҳад.

Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идоракунии давлатӣ, сарфаю истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 дар заминаи Полиси андоз ва Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақомоте аст, ки барои амалигардонии муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб бо ваколати гузаронидани назорати давлатии молиявӣ, фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, пешбурди таҳқиқу тафтиш, бахусус пешгирию муқовимат ба коррупсия махсус гардонида шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати коррупсияро дар ҳар суханронию мулоқотҳояшон таъкид менамоянд.

Ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия дар мамлакат, ба монанди муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ аз иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Дар партави ин сиёсати пешгирифта Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднок амалӣ намуда, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то имрӯз се маротиба барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ қабул кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 қабул гардидани «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» давоми мантиқии ислоҳоти зиддикоррупсионӣ дар мамлакат мебошад.

Дар баробари корҳои анҷомдода давоми солҳои охир бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти фаъолият дар самти муқовимат ба коррупсия корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.

Аз ҷумла, ба истифода додани биноҳои маъмурии замонавӣ барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия далели ин гуфтаҳо мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки коррупсия ба тамоми соҳаҳои зиндагии инсон таъсир гузошта, рушди солими иқтисодиро фалаҷ мегардонад, фаъолияти самарабахши сиёсатро халалдор сохта, робитаи байни ҳукумат ва мардумро ноустувор месозад.

Бинобар ин, муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо, ба монанди дастҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолнокии ҳар фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст.

Барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти муқовимат ба коррупсия бояд тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо истифода аз маҷмуи воситаю усулҳои муосир фаъолият баранд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 10, 2025 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд