Китоби «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар забони туркӣ» аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 23.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Китоби нави дипломат, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Субҳон Қурбонов таҳти унвони «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар забони туркӣ» нашр шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Мақсади таълифи китоб бозгӯйи ҳаммонандиҳои аҷиби ду забон буда, дар он муаллиф калимаҳоеро ҷамъоварӣ намудааст, ки аз ҷиҳати маъно, оҳанги талаффуз ва навишт фарқи куллӣ надоранд.
Ба андешаи муаллиф, забони тоҷикӣ падидаи арзишмандтарин барои миллати тоҷик аст, ки ба фарҳанги пурифтихори рӯзгори пешин ва осори гаронмояи илмию иҷтимоии имрӯзу фардоямон пайванд медиҳад.
Дар китоб-луғатнома муаллиф кӯшиш бар харҷ додааст, ки вожаҳои тоҷикию туркии ба ҳам монандро тафсир намуда, барои хонанда заминаи муфиди омӯзиши забони хориҷиро фароҳам оварад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






