Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба бесилоҳшавӣ то 28 март давом мекунад
ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз замони таъсиси Созмони Милали Муттаҳид ҳадафҳои халъи силоҳи бисёрҷониба ва маҳдуд кардани аслиҳа дар талошҳои ин созмон барои нигоҳ доштани сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мавқеи асосӣ доранд. Иҷлосияи навбатии конференсия оид ба бесилоҳшавӣ 20 январ оғоз ёфта, то 28 март идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Ахбори СММ» хабар медиҳад.
Мавзуъҳои асосии рӯзномаи иҷлосия аз қатъ кардани мусаллаҳшавии бошитоб ва бесилоҳшавии ядроӣ; пешгирӣ кардани ҷанги ядроӣ, аз ҷумла ҳама масъалаҳои ба он вобаста; пешгирии мусаллаҳшавии бошитоб дар фазои кайҳон; созишномаҳои самарабахши байналхалқӣ оид ба додани кафолатҳо ба давлатҳое, ки яроқи ядроӣ надоранд, бар зидди истифода ё таҳдиди истифодаи яроқи ядроӣ; навъҳои нави яроқи қатли ом ва низомҳои нави ин гуна яроқ; силоҳи радиатсионӣ; барномаи фарогири бесилоҳшавӣ ва шаффофият дар яроқнокшавӣ иборат мебошанд.
Ба ҳайати конференсия 65 давлати аъзо, аз ҷумла 5 давлати дорои силоҳи ҳастаӣ дар доираи Аҳдномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ (NPT) дохил мешаванд. Ғайр аз ин, ҳар сол дар кори конференсия оид ба бесилоҳшавӣ давлатҳое иштирок менамоянд, ки аъзои он нестанд.
АКС: сомонаи «Ахбори СММ»








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






