МегаФон Тоҷикистон: TikTok ва YouTube – бар ивази «Раҳмат»
ДУШАНБЕ, 16.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои истифодаи холҳои бонусие, ки дар доираи барномаи «Раҳмат» ба даст овардаанд, 13 имконияти нав пайдо карданд. Бастаҳои махсус барои YouTube ва Tik Tok аз ҷумлаи онҳо ҳастанд.
Муштариён ба таври автоматӣ дар лаҳзаи пайвастшавӣ ба шабакаи оператор иштирокчии барномаи бонусии «Раҳмат» мешаванд. Баъдан бо истифодаи мунтазами алоқа онҳо холҳои бонусие ба даст меоранд, ки баъдан метавонанд ба мукофотҳо – дақиқаҳо ба самтҳои байналмилалӣ, трафики интернет ё СМС иваз намоянд. Барои ҳар 5 сомонии барои хизматрасонии алоқа сарфшуда ба муштарӣ 1 хол дода мешавад. Инчунин дастраскунии холҳо ҳангоми пардохти дилхоҳ харидҳо бо ёрии QR-рамзи замимаи мобилии «МегаФон Life» ва дар рӯзи таваллуди худ имконпазир аст. Иштирок дар барномаи «Раҳмат» ройгон аст.
Бо назардошти талаботи муштариёни рақамӣ оператор ба шартҳои барномаи бонусӣ тағйирот ворид намуд. Бисёре аз бастаҳои нав аз трафике иборат аст, ки онро метавон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо сарф намуд. Бастаҳои нав фаъол карда шуданд: «30 дақиқа ба шабакаҳои дигар дар ҷумҳурӣ» бо нархи 100 хол ва «50 дақиқа ба шабакаҳои дигар» бо нархи 160 холи бонусӣ фаъол карда шуданд.
Холҳоро метавон дар замимаи «МегаФон Life» иваз намуд. Барои ин зарур меояд, ки дар саҳифаи асосӣ ба қисми «Холҳо», сипас «Ивазкунии холҳо» гузашта, мукофотро интихоб кунед ва «Пайвасткунӣ»-ро пахш намоед.
Шартҳои муфассали барномаи бонусии «Раҳмат» – дар сомонаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон».
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






