«Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» гардиданд

Январь 16, 2025 14:21

ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, моҳи декабри соли 2024 Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» ҷамъбаст гардид, ки дар он Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардид.

Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» дарёфти беҳтарин китобҳои сол буд, ки ба меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ ҷавобгӯ бошанд.

Тавре директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», номзади илмҳои филологӣ Абдувалӣ Абдураҳмонзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, мазмуну муҳтавои ин китобҳо мавзуъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти мамлакатро дар бар мегиранд.

Китобҳое, ки соли 2024 аз тарафи муаллифон дар чопхонаҳои ҷумҳурӣ ба нашр расида, барои иштирок дар озмуни «Китоби сол-2024» ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, қабл аз натиҷагирӣ барои омӯзиш, баррасӣ ва баҳогузорӣ ба ҳайати ҳакамон пешниҳод шуданд.

Ба иттилои директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Абдувалӣ Абдураҳмонзода, моҳи ноябри соли 2024 аз рӯи «Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуот барои солҳои 2022-2026» бо ҷалби олимону донишмандон нашриёти «Ирфон» аз осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду китоб- «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ва «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ»-ро дар таҳрири нав бо сифати баланди полиграфӣ ба нашр расонид.

«Аҳамияти ин асарҳо барои баланд бардоштани шинохти миллӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Ватану миллат хеле назаррас аст. Мақсади асосии Сарвари давлат ин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пуртазод мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафту ободӣ ва суботи мамлакат саҳм гузоранд»,-гуфт Абдувалӣ Абдураҳмонзода.

Директори нашриёт даъват намуд, ки ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеа бояд аз муҳтавои асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳ бошанд ва онҳоро ба таври амиқ мутолиа намоянд, зеро дар ин асарҳо аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик то соҳиб гаштан ба давлати соҳибистиқлол ва рушди минбаъдаи мамлакат маълумоти зиёд оварда шудаанд.

«Гуфтугӯи тамаддунҳо ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза табдил ёфта, роҳу равиши солими он барои ба ҳам омадани фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва худшиносии динии халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик заминаи мусоид мегузорад.

Таърихи фарҳанги тоҷикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва ғановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ – тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ шодоб гардидааст»,- чунин баён доштаанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо».


Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгуфтори китоби «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ», ки унвони рамзии «Бишнав аз най…» — ро гирифтааст, аз ҷараёни муносибати густардаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба афкор ва андешаҳои оламгири Мавлоно баргашта, бар пояи сабаб ва омилҳои аслӣ зарурати таълифи чунин асари арзишмандро ба таври амиқ ва равшану барҷаста чунин тавзеҳ додаанд: «Бо рушди босуръат ва печидаи ҷомеаи башарӣ, таҳаввулоти навин ва амиқи иҷтимоӣ, афзоиши мушкилот ва зиддияти гуногун, бахусус зарурати таъхирнопазири робита ва ҳамкории созандаи халқҳо, минтақаҳо ва тамаддунҳо башарият бештару бештар ба Мавлонои мо рӯ хоҳад овард.

Бо назардошти ин нукоти бунёдӣ тасмими нигориши ин китоб гирифта шуд. Ҳадафи аслии мо баррасии усул ва аркони муҳимтарини ганҷинаи андеша, афкор ва ормонҳои Мавлавии бузург дар пайванди ногусастанӣ бо масъалаи муҳимтарини муосир — инсонсозии ҷомеаи башарӣ аз тариқи истифодаи ин мероси абадзинда мебошад. Ин ҳадаф сохтор ва мазмуни китобро муайян намудааст».

Бояд таъкид намуд, ки нашриёти «Ирфон» ҳанӯз соли 1925 таъсис ёфта, имсол ба фаъолияти ин муассисаи бонуфузи мамлакат І00 сол пур мешавад.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат  Муассисаи нашриявии «Ирфон» ба чоп намудани осори сиёсӣ ва адабию илмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машғул мебошад.


«Мактаби давлатдорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун намуна эътироф гардидааст. Асарҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат таълиф шудаанд, ба гунаи дастур ва роҳнамо барои миллати тоҷик хизмат менамоянд»,- иброз намуд  директори нашриёти «Ирфон» Абдувалӣ Абдураҳмонзода.

Ёдовар мешавем, ки нашриёти «Ирфон» дар Озмуни 21-уми байналмилалии «Санъати китоб»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 7-8 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуда, бори аввал соҳиби 4 ҷоиза гардид. Ҷойи якумро дар номинаи «Гуфтугӯи фарҳангҳо» китоби Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ «Гулчини ғазалиёт», ҷойи дуюмро дар номинаи «Китоби мусаввар» китоб-албоми «Тоҷикистон», ҷойи сеюмро дар номинаи «Дар иттиҳод чоп шудааст» китоби дигари Мавлоно- «Ҷоми ҷон» (баргузидаи рубоиёт) сазовор гардида, ҳамзамон соҳиби Дипломи махсус шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2025 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд