НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон шаҳрвандони 11 давлати хориҷӣ таҳсил менамоянд
ДУШАНБЕ, 31.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон 392 шаҳрванди 11 давлати хориҷӣ таҳсил мекунанд. Дар ин хусус имрӯз, 31 январ зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Файзулло Машрабӣ иттилоъ дод.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, аз Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Лаҳистон, Ҷумҳурии Корея, Федератсияи Русия, Туркманистон, Узбекистон ва Украина мебошанд.
«50 нафар донишҷӯён ва магистрантони мо дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия ва Аврупо таҳсил менамоянд»,-гуфт ректори донишгоҳ.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки соли 2024 донишгоҳ ба якчанд муваффақияти назаррас ноил гардид. Ба даст овардани иҷозатнома барои ҳуқуқи амалӣ намудани таълим дар соҳаҳои нави таълим яке комёбиҳои донишгоҳ мебошад.
Дар ин замина донишгоҳ мутахассисонро дар соҳаи гумрук, ҷомеашиносӣ, дорусозӣ ва равоншиносӣ омода мекунад.
«Инчунин дар назди кафедраи «Кимиё ва биология» озмоишгоҳҳои махсус мавҷуд мебошанд, ки дар он ҷо профессорон кор мекунанд. Мувофиқи барномаи рушд мо ҳар нимсола аз Федератсияи Русия 4 мутахассисро барои таълими фанҳои дақиқ ҷалб мекунем»,-иброз дошт ректори донишгоҳ Файзулло Машрабӣ.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






