ОЁ МЕДОНЕД? Бағоҷи дар фурудгоҳ фаромӯшшуда чӣ гуна ба соҳибаш баргардонида мешавад?

Январь 20, 2025 15:37

ДУШАНБЕ, 20.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Фаромӯш гардидани бағоҷ дар фурудгоҳ ҳолати маъмулӣ мебошад, аз ҷумла мусофир метавонад ҳангоми харидорӣ дар мағозаҳои Duty Free, дар қаҳвахона  ва ҳангоми ҳолати хотирпарешонӣ бағоҷи худро фаромӯш намояд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, дар ҳолати пайдо гардидани бағоҷи фаромӯшшуда фурудгоҳ маҷбур мешавад, ки тартиби махсуси бехатариро оғоз намояд. Сараввал корманди махсуси фурудгоҳ тавассути баландгӯяк оид ба дарёфти бағоҷ эълонро такрор намуда, мунтазам ба мусофирон хотиррасон менамояд, ки чизҳо ва ашёи худро бе назорат нагузоранд.

Сипас кормандони махсуси бехатарӣ наворҳои камераҳои назоратиро тафтиш менамоянд. Баъзан ин барои пайдо намудани соҳиби бағоҷ ва баргардонидани ашёи фаромӯшшуда ба онҳо кумак мерасонад. Агар камераҳо барои пайдо намудани мусофир кумак накунанд, он гоҳ ашё барои мавҷудияти моддаҳои хатарнок санҷида шуда, ба шуъбаи бағоҷи гумшудаи «Lost & Found» интиқол дода мешавад.

Дар баъзе фурудгоҳҳо зарур меояд, ки барои ҳар рӯзи нигаҳдории бағоҷ маблағ пардохт намуд. Агар мусофир дар муҳлати муайян бағоҷи худро дарёфт нанамояд, сипас бағоҷ ба расмиёти нобудсозӣ (утилизация) ирсол мегардад. Муддати муайяни нигоҳдории бағоҷ дар ҳар фурудгоҳ гуногун буда, дар аксар вақт бағоҷи дарёфтшуда  муддати 6 моҳ нигоҳ дошта мешавад.

Чунин бағоҷ аксар вақт бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва шаҳодатнома баргардонида мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 20, 2025 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд