ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — ДАСТУРАМАЛ ВА РОҲНАМО. Дар Душанбе ҳамоиши илмӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинов таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат-роҳнамо ба фардои дурахшон» бо иштироки олимони соҳа ҳамоиши илмӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ Нозим Маҳмадизода таъкид намуд, ки «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳо, муваффақият ва мушкилоти соли сипаришуда, вазъи ҳозира, дурнамои рушд ва вазифаҳо барои соли минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд. Ҳамасола паёмҳои Президенти Тоҷикистон барои фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун дастурамал ва роҳнамо хизмат менамоянд».
Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода чанд нуктаи муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ дода, гуфт, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат ва муаррифии боз ҳам бештари онҳо дар арсаи байналмилалӣ ба вазорату идораҳои мухталиф дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Инчунин Президенти Тоҷикистон барои таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба масъулин дастур доданд, ки маводи заруриро омода намуда, ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Дар ҳамоиш олимону кормандон доир ба нуктаҳои мубрами Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маъруза намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад






