Соли 2024 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар шаҳри Ваҳдат 107,7 фоиз иҷро гардид

Январь 25, 2025 15:00

ВАҲДАТ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат ба андозаи 107,7 фоиз иҷро гардид. Тибқи иттилои масъулини Нозироти андози шаҳри Ваҳдат, ба ҷойи 350,7 миллион сомонии нақшавӣ ба буҷети шаҳр 377,7 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 26,9 миллион сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳимин давраи соли 2023 59,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Вобаста ба иҷрои сифатноки нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар шаҳри Ваҳдат бояд гуфт, ки дар дувоздаҳ моҳи соли 2024 нақшаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ 111,3 фоиз, андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ 103,1 фоиз, андозҳо барои захираҳои табиӣ 100,6 фоиз, андозҳо аз молу мулк 125,7 фоиз, андозҳо аз арзиши иловашуда 109,7 фоиз, низомҳои махсуси андозбандӣ 111,3 фоиз, аксизҳо 213,3 фоиз, пардохтҳои дигар ба буҷети маҳаллӣ 195,3 фоиз ва боҷи давлатӣ 186,5 фоиз иҷро карда шуд.

Муовини сардори Нозироти андози шаҳри Ваҳдат Хуршед Қудратзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «мутахассисони нозироти андоз соли 2024 дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 мунтазам бо андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Ҳамчунин бо амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон имконият фароҳам оварда шуд, ки бо истифода аз хизматрасонии эквайрингӣ, ҳамёни электронӣ ва пос-терминалҳо маблағи андозҳо ва боҷҳоро ба таври ғайринақдӣ сари вақт ба буҷет пардохт намоянд. Хушбахтона, соҳибкорону андозсупорандагони шаҳри Ваҳдат таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рақамикунонии соҳаи андоз ва номгӯи хизматрасонии давлатӣ дар шакли электрониро хуб дарк намудаанд, ки ин ба иҷрои нақшаи андозҳо таъсири хуб мерасонад».

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 25, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид