Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид

Январь 30, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 473 довталаб иштирок намуда, 118 нафар бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд. Аз ҷумла, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6 нафар, вилояти Хатлон 16 нафар, вилояти Суғд 32 нафар, шаҳри Душанбе 56 нафар (5 Шоҳҷоиза) ва аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 нафар довталабон ғолиби озмун шуданд. Дар ин сол дар даври якуми озмун 5 302 нафар довталаб иштирок намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 860 нафар зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сафи довталабони ин озмун сол ба сол меафзояд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки сарпарасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар соли 2025 барои баргузор кардани он 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид.

Масъулони баргузории озмуни мазкур вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио, иттифоқҳои композиторон, рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон буда, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ҷиҳати ҷалби наврасон, ҷавонон ва занони боистеъдод ба озмун мусоидат менамоянд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, маориф, ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар се давр гузаронида мешавад: даври якум — аз 1 апрели соли 2025 то 10 майи соли 2025 дар маркази шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм — аз 10 июн то 30 июни соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври сеюми он — нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шуд. Ин иқдоми оқилонаи фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундрав барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ тадбири муҳиму саривақтӣ мебошад. Зеро ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати баланди сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризона нахоҳанд шуд. Хурсандиовар аст, ки сол ба сол теъдоди иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ афзуда, насли наврас ба китобхонӣ бештар ҳавасманд мегарданд.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2024 дар баробари озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», аз ҷониби Вазорати фарҳанг озмунҳои «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ», «Гулзори маърифат», «Чароғи ҳидоят», «Шоҳномахонӣ», «Китоби сол-2024» ва ғайраҳо доир гардиданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд