ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 январ, чоршанбе, 1-умин рӯзи соли 2025 аст

Январь 1, 2025 08:00

1 январи соли 1991 нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» таъсис  ёфт.

***

1 январи соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси вақти Шурои давлатӣ ва Шурои вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус ба муносибати таҷлили Иди миллии Ҷумҳурии Куба барқияи табрикӣ фиристоданд.

***

1 январи соли 2017 ВАО хабар доданд, ки соли 2017 дар ҷаҳон ҳамагӣ 9 ҳодисаи садамаи ҳавопаймоҳо ба қайд гирифта шудааст. Ин аз ҳама нишондиҳандаи ками садамаҳои ҳавопаймоӣ дар таърих маънидод гардид.

***

1 январи соли 2018 унвони «Омӯзгори соли Тоҷикистон» насиби Раъно Икромова гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 дар шаҳри Лодзи Лаҳистон дар ҳошияи иҷлосияи 29-уми Шурои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барпо гардид, ки дар он Сироҷиддин Муҳриддин суханронӣ намуд.

1 ЯНВАР:

Ҷашни пуршукуҳ ва рангоранг — Соли нав дар бештари давлатҳои чаҳон (шаби 31 декабр ба  1 январ).

***

Рӯзи байналмилалии сулҳ.

***

Дар Камерун – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Литва – Рӯзи парчам.

ДАР ИН РӮЗ  ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Гулчеҳра Сулаймонӣ — соли 1928, — Шоири халқии Тоҷикистон (1988), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1977) барои маҷмуаҳои бачагонаи «Себи хубонӣ» ва «Чил кокули бозингар», узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 1957).

Январь 1, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 январ, ҷумъа, 3-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 январ, панҷшанбе, 2-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 декабр, сешанбе, 366-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 декабр, душанбе, 365-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, якшанбе, 364-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст