ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 январ, якшанбе, 5-умин рӯзи соли 2025 аст

Январь 5, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1998 дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод вохӯрии панҷ роҳбари кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки  аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил– Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон мебошанд,  баргузор гардид.

***

5 январи соли  2009 дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи фарҳангии ҷавонони Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.

***

15 сол пеш, 5 январи соли 2010 ҳайати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири собиқи мамлакат Оқил Оқилов ба ноҳияи Ванҷ, ки  2 январи соли 2010  бар асари заминҷунбии сахт зарар дида буд, сафар намуд.

***

5 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба сохтмони НБО-и  «Роғун» ба мардум муроҷиат намуданд.

***

9 сол пеш, 5 январи соли 2016 бо амри Подшоҳи Арабистони Саудӣ дари Каъбатуллоҳ ба рӯйи Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон боз шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масҷиди набавии шаҳри Мадина равзаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)-ро зиёрат намуданд.

***

5 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт, ки зимни ифтитоҳи хатсайри нахустин дар масири Ал-Кувайт – Душанбе – Ал-Кувайт ба мамлакати мо омаданд, барои тамошои мавзеъҳои назаррабо саёҳати иттилоотӣ доир намуд.

5 ЯНВАР:

Дар Беларус – Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ.

Январь 5, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш