Ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар Женева тарғиб мегардад
ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ барои Аврупо (UNECE) хонум Татяна Молчан қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мулоқот дар Женева баргузор гардида, мусоҳибон масъалаҳои мубрами марбут ба рушди ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо UNECE дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва минтақавиро баррасӣ намуданд.
Баҳодур Шерализода ҳамзамон аз ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба обу иқлим ёдоварӣ намуда, онро дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо, об ва тағйирёбии иқлим дар сайёра муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






