Вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамоише, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баргузор гардид, шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин корхона иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони масъули Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» доир ба самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сухан намуданд. Таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳими стратегӣ буда, дар он соҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллии мамлакат дарҷ гардидаанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудаанд, «ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имконияти транзитии он яке аз ҳадафҳои асосии рушди ҷумҳурӣ пазируфта шудааст».
Дар иртибот ба ин ҳайати кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор дода, таъкид намуданд, ки бо мақсади татбиқи ин санади муҳим, ки дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакатро фаро мегирад, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва боркашонӣ тавассути роҳи оҳан аз тамоми имконияти мусоид самаранок истифода менамоянд.
Дар маҷмуъ гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масири рушду пешрафти ҷомеаи Тоҷикистони навинро муайян намуда, ҳар фарди ватандӯстро водор менамояд, ки барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат бо меҳнати содиқона дар раванди бунёдкорию созандагии Тоҷикистон, татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба давлати индустриалӣ табдил додани мамлакат саҳми бориз гузоранд. Зеро самти асосии татбиқи ин ҳадафҳои стратегӣ ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат нигаронида шудааст. Ҳамзамон дар идомаи ҳамоиш фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар соли 2024 натиҷагирӣ гардида, вазифаҳо барои давраҳои минбаъда муайян карда шуданд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»











Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






