ЗИЁДШАВИИ МАОШИ ОМӮЗГОРОН АЗ ОНҲО ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТИ ДУЧАНДРО ТАҚОЗО ДОРАД. Бардошт аз ҷаласаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Январь 4, 2025 14:15

ДУШАНБЕ, 04.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда мешавад. Ин иқдом бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа амалӣ мегардад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумат мамлакат, махсусан таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маориф мо, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа вазифадорем, ки дар таълиму тарбияи насли наврас масъулияти дучанд эҳсос намуда, бо меҳнати содиқона ба дастовардҳои беназир ноил гардем. Бо чунин матлаб 2 январ ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба таври онлайнӣ оғоз гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар медиҳад, қисмати аввали ҷаласа ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 бахшида шуд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар масъалаи инкишофи соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои фароҳам овардани тамоми шароиту имконоти мавҷуда ҷудо намудани маблағҳои дахлдорро дареғ намедоранд.

«Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бори дигар аз таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат ба ин соҳаи калидиро дарак медиҳад»,-таъкид шуд дар ҷаласа.

Сипас дар ҷаласа вазъи таълиму тарбия, назорати дохилитаълимгоҳӣ, сатҳу сифати таҳсилот ва натиҷагирӣ аз он оид ба ҳамаи фанҳои таълимӣ, коргузорӣ ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Бохтар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокдорони ҷаласа ҳисоботи масъулинро оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Фархор, Шаҳритус, Носири Хусрав, Қубодиён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ёвон шуниданд.

Ҳамчунин ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, инчунин фаъолияти шуъбаҳои маориф, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 21 январи соли 2020 дар бораи «Бистсолаи омȳзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) дар самти баргузории озмунҳои гуногуни мактабӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин замина санҷиши фаъолияти марказҳо, вазъи таълими фанни технологияи информатсионӣ, ҳолати синфхонаҳои компютерии мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуданд.

Ҳамзамон нақшаи кории Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои нимсолаи якуми соли 2025 тасдиқ гардид. Дар қисмати охири мушовара ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдоштаи соҳа масъулин вазифадор шуданд.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Январь 4, 2025 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад