Пагоҳ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳо, Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Февраль 5, 2025 16:12

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи    шаҳри Фирдавсии Душанбе, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ соати 08:30 доир мегардад.

Дар Академияи миллии илмҳо нишасти матбуотӣ соати 09:30 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 10:00 (собиқ бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдо) доир мегардад.

Дар Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соати 09:00 ва дар ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00  доир мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ соати 09:00 ва дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ соати 10:00 баргузор мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Февраль 5, 2025 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд