Ҷалби маблағҳои грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба соҳаи саноати Тоҷикистон баррасӣ гардид

Февраль 13, 2025 16:56

ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ҳолгер Вифел баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориро бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар самти ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба соҳаи саноати Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, рушди соҳаҳои нассоҷӣ, мошинсозӣ, дорусозӣ, технологияҳои нав, безараргардонии мавзеъҳои партовҳои радиоактивӣ, гузариш ба иқтисоди «сабз» ва дигар бахшҳои афзалиятнок баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 13, 2025 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид