Алоқаи боэътимод — дар ҳар гуна боду ҳаво
ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳодисаҳои заминҷунбӣ, сангрезиш, тарма ва сел дар Тоҷикистони серкӯҳ кам нестанд. Дар зимистон ба инҳо боридани барф, шамолҳои сахт ва сармо зам мешаванд. Аммо ҳатто дар шароити шадид таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ бояд кор кунанд. Муҳим аст, ки муштариён бо наздикону пайвандон, табибон ё наҷотдиҳандагон бояд дар тамос бошанд. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо боварии комил мушкилоти офатҳои табииро паси сар менамояд.
Кормандони алоқа ҳанӯз дар лаҳзаи интихоби ҷой барои насби таҷҳизот дар фикри ҳодисаҳои эҳтимолӣ ҳастанд. Оё дар нишебиҳои кӯҳӣ хатари фаромадани тарма зиёд аст? Ин маънои онро дорад, ки мо бояд нуқтаи дигари бехатар пайдо кунем. Аз ин лиҳоз, муҳандисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» таҷрибаи беназир доранд, қисми зиёди пойгоҳҳои базавии оператор дар манотиқи баландкӯҳ насб шудаанд. Таҷҳизот на танҳо дар ҷойҳое гузошта мешаванд, ки хатари обхезӣ ва сангрезиш вуҷуд надорад, балки дар биноҳо ё контейнерҳои махсусе ҷойгир карда мешаванд, ки онҳоро аз сармо, шамол ва барф муҳофизат мекунанд.
Вазифаи дуюм – таъмини неруи барқ мебошад. Ҳама пойгоҳҳои базавӣ ва дигар иншооти муҳими инфрасохтор дорои системаҳои захиравии неру мебошанд. Ба онҳо генераторҳои дизелӣ, батареяҳои аккумуляторӣ, генераторҳои бодӣ, панелҳои офтобӣ мансуб ҳастанд. Аксар вақт якчанд манбаъҳои гуногуни неруи барқ якбора истифода мешаванд. Охир, дар фасли зимистон дар кӯҳсор ба генератори дизелӣ зуд сӯзишворӣ пур карда намешавад, аз сабаби боридани барфи зиёд барои рафтан ба назди баъзе пойгоҳҳои базавӣ якчанд шабонарӯз зарур меояд. Аз ин рӯ, дар мавридҳои зарурӣ манбаъҳои иловагӣ фаъол карда мешаванд. Ин амал комилан ба таври автоматӣ ё фосилавӣ аз пулти муҳандисоне, ки кори шабакаро ба таври шабонарӯзӣ назорат мебаранд, амалӣ мешавад.
Чунин назорат дар реҷаи 24/7, махсусан, дар ҳолатҳое муҳим аст, ки офатҳои табиӣ ягон пойгоҳи базавиро аз кор мебароранд. Вақте ки он хомӯш мешавад, муҳандиси навбатдор трафикро ба дигар пойгоҳҳо ва каналҳои иловагии алоқа «мегузаронад», ба ҷои вайроншуда бригадаи таъмирӣ фиристода мешавад, ки дар дилхоҳ вақт ба кор омода аст. Натиҷа ин аст, ки дар аксар ҳолатҳо муштариён дар алоқа мемонанд ва ҳатто намедонанд, ки муҳандисони ширкат маҷбур буданд фавран барои рафъи ҳолати фавқулода ба маҳалли онҳо раванд.
Пешбинии ҳолатҳои фавқулода ва пешгирии ҳар гуна вайронию носозиҳо хеле муҳим аст. Чунончи, қабл аз фарорасии фасли сармо ширкати «МегаФон Тоҷикистон» биноҳоеро, ки дар онҳо пойгоҳҳои базавӣ ҷойгиранд ва унсурҳои алоҳидаи инфрасохторро бо масолеҳи гармирасон мепӯшонанд. Масалан, дар ноҳияҳои баландкӯҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар фасли зимистон ҳарорат аз ҳама паст аст, тирамоҳи соли 2024 модемҳои спутникиро рӯйпӯш намуданд. Дар пойгоҳҳои базавии тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба сӯзишвории дизелӣ маводи антигел илова карда мешавад. Ҳатто дар рӯзҳои сахттарини зимистон таҷҳизот бояд кор кунад.
«Вазифаи мо — ташкили инфрасохтори «изофавӣ» аст. Ин маънои мавҷудияти каналҳои алтернативии интиқоли трафик, хатҳои эҳтиётии алоқа ва манбаъҳои захиравии барқро дорад. Бале, сохтани чунин шабака мушкилтар аст. Аммо маҳз ҳамин тавр метавон алоқаи воқеан ҳам боэътимодро, ки ба номусоидии обу ҳаво вобастагӣ надорад, таъмин намуд», — мегӯяд директори техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Рафил Аглямов.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?






