«Бисоз Life»: 2,5 маротиба бештар суҳбат намоед!

Февраль 10, 2025 11:33

ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» тарофаи «Биё! Бисоз Life!»-ро нав кард. Аз моҳи феврали соли 2025 ҳаҷми дақиқаҳои дастрас барои истифодабарандагон аз 200 то 500 дақиқа зиёд карда шуд.

Тарофаи «Бисоз Life» дар байни муштариёни ширкат яке аз маъмултарин мебошад. Ҳар шахс метавонад мустақилона бастаи хизматрасонии алоқаро ташкил карда, ҳаҷми зарурии дақиқаҳо, трафики интернет ва SMS пайваст намояд. Акнун метавонед аз тариқи телефони мобилии худ бо хешовандон, дӯстон ва ҳамкоронатон бештар гап занед. Ҳангоми «ташкили» тарофа вариантҳое дастрас шуданд, ки то 500 дақиқаро барои зангҳо ба муштариёни тамоми операторони алоқаи Тоҷикистон дар бар мегиранд.

«Тарофаи «созанда»-и мо барои пешниҳоди имконияти интихоби озод ба муштариён таҳия гардидааст. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, маҳдудияти қаблӣ на ҳар вақт талаботи мизоҷонеро, ки бештар зангҳои овозӣ анҷом медиҳанд ва ин навъи муоширатро меписанданд, қонеъ мекард. Дар посух ба интизориҳои онҳо мо ҳаҷми дақиқаҳоро хеле зиёд кардем. Зангҳо дар дохили шабака бемаҳдуд боқӣ мемонанд. Ҳаҷми хизматрасониро мувофиқи хоҳиши худ интихоб намоед ва бе нигаронӣ ҳар қадаре, ки зарур аст, занг занед!»,- мегӯяд роҳбари хадамоти маркетинги ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Зебуниссо Эргашева.

Тарофаи навшудаи «Биё! Бисоз Life»-ро дар дилхоҳ маркази хизматрасонии мизоҷон тавассути замимаи мобилии «МегаФон Life» ё аз тариқи ҳуҷраи шахсӣ дар сомонаи оператор пайваст кардан мумкин аст. Муфассалтар оид ба тарофа бо суроғаи «МегаФон Тоҷикистон» ворид шавед.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Февраль 10, 2025 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст