Дар Душанбе оид ба нақши занон дар татбиқи қатъномаи СММ оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши занон дар амалигардонии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо иштироки занони Маркази омӯзиши пиряхҳо ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, директори Маркази омӯзиши пиряхҳо Назриало Шерализода аз таваҷҷуҳи махсуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ёдовар шуд. Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон якчанд барномаи мақсадноки давлатӣ қабул намудааст, ки бо амалишавии онҳо шумораи занону духтарон дар хизмати давлатӣ, илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ нисбат ба даврони то соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ чанд маротиба зиёд гардид.
Нақши занон дар татбиқи ибтикори байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ муҳим арзёбӣ мегардад.
Масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳо дар меҳвари сиёсати хориҷии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Дар ҳамоиш занон дастовардҳои илмӣ ва нақшаи чорабиниҳоро барои таҷлили сазовори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо муаррифӣ намуда, лоиҳаи консепсияи иштироки занонро дар чорабиниҳои канории ин конфронс, ки 29-31 майи соли равон баргузор мешавад, муаррифӣ ва муҳокима намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






