Дар Душанбе оид ба рушди инноватсия ва технологияи рақамӣ ҳамоиш доир шуд

Февраль 5, 2025 16:56

ДУШАНБЕ, 05.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Рушди инноватсия ва технологияи рақамӣ – ҳадафи барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамоиш дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир гардид. Дар он иштирокдорон оид ба рушди инноватсия ва технологиҳои рақамӣ, инчунин фаъолияти густурда дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) мубодилаи афкор намуданд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рақамикунонӣ аҳамияти хосса зоҳир намуда, имрӯз дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад. Татбиқи саривақтии ин ташаббус имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ин раванд вусъат ёфта, заминаҳои ҳуқуқии он такмил ёбанд ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ карда шаванд.

 АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Февраль 5, 2025 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд