Дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон таъсис меёбад

Февраль 16, 2025 09:58

ДУШАНБЕ, 16.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 апрел то 13 октябри соли 2025 Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025, ки дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, таҳти шиори «Ташкили ҷомеаи оянда барои ҳаёти мо» иштирок менамояд. Дар ин хусус Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024 «Дар бораи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон» ба тавсиб расид.

«Бо ин мақсад дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон таъсис дода шавад. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли амалии масъалаҳои ташкилии Намоишгоҳи мазкур дар муддати як моҳ Дирексияи экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон таъсис диҳад», — чунин омадааст дар қарори мазкур.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 16, 2025 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст