Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид

Февраль 18, 2025 13:31

ДУШАНБЕ, 18.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Терроризм ва экстремизм на танҳо ба як давлат, балки ба тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид мекунанд. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд оид ба омӯзиши «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки терроризм ва экстремизм на танҳо ба як давлат, балки ба тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид менамоянд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мамлакатҳои ҷаҳон дар самти мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок тадбирҳои қатъӣ андешанд, қонунгузории худро пурзӯр намоянд ва барои ҳифзи сулҳу субот ва амнияти шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Иштирокдорони ҳамоиш доир ба санадҳои қонунгузорӣ, фаъолияти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки ҳадафашон ноором сохтани давлат ва ангехтани низоъҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад, маъруза намуданд. Таъкид гардид, ки шаҳрвандони мамлакат бояд дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъол бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи амнияти миллӣ талош намоянд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба тасвиб расид, ки он мақсад, вазифа ва самтҳои асосии мубориза бо экстремизм ва терроризмро муайян намуда, механизми амалишавии онро пешбинӣ мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», ки 2 январи соли 2020 қабул шуд, фаъолият ва тадбирҳои муқовимат ба экстремизм, инчунин нақши мақомоти дахлдорро муайян менамояд. Тибқи моддаи 10-и ин қонун Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун субъекти муқовиматкунанда ба экстремизм ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», ки 23 декабри соли 2021 қабул шуд, Хадамоти гумрук дар пешгирии вуруди ғайриқонунии силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда нақши муҳим дорад. Инчунин он дар ҳамкорӣ бо мақомоти амниятӣ ба ошкор ва безараргардонии гурӯҳҳои террористӣ мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни ҳамоиш гуфта шуд, ки бояд барои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва иштироки онҳо дар муноқишаҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки фарҳанги истифодаи интернет назорат ва аз мутолиаю паҳн кардани маводи марбут ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ низ худдорӣ карда шавад.

Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки мубориза бо экстремизм ва терроризм вазифаи тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа буда, мутобиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бояд ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомот тақвият дода шавад.

Иштиродорони хамоиш зарурати ҳамкории зич байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 18, 2025 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад