Дар шаҳри Истиқлол корхонаи нави металлургӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 17.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022 -2026) дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд аз ҷониби Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин корхонаи нави металлургӣ сохта мешавад. Корхона бо харҷи 50 миллион доллар бунёд гардида, дар он мис, сурб ва нуқра коркард мешавад.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, баъди ба истифода додани ин корхонаи саноатӣ беш аз 200 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегардад.
Зимни шиносоии роҳбарияти вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки корхона дар масоҳати 55 000 метри мураббаъ ва бо ҷалби 55 миллион сомонӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он ба 100 ҳазор тонна оҳаксанг дар як сол баробар аст. Маҳсулоти истеҳсоли ин корхона пурра ба содирот нигаронида мешавад. Иқтидори нави истеҳсолӣ ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мусоидат намуда, боиси таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор мегардад. Айни замон сохтмони корхонаи истихроҷ ва коркарди оҳангсанги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳаки Истиқлол» идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 200 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд.
Корхонаи дигари истеҳсоли оҳак, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Оҳак» бунёд мешавад, бо харҷи 1,5 миллион доллар аз ҷониби соҳибкорӣ ватанӣ фаъол хоҳад шуд. Иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 100 тонна оҳаксанг мебошад. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар корхонаи навбунёд тибқи нақша идома дошта, масъулин азм доранд, ки корхонаро дар муҳлати пешбинишуда ба истифода диҳанд.
Тибқи нақша дар шаҳр минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил шуда, бо татбиқи нақшаҳо соҳибкорон корхонаҳои нави саноатӣ бунёд месозанд. Ин тадбир ба рушди ҳамаҷонибаи шаҳр мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






