Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар озмун кормандони воситаҳои ахбори омма, ки камаш даҳ сол боз аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият доранд ё аз нашрияҳои марказӣ ва хориҷӣ дар вилоят намояндагӣ мекунанд, метавонанд иштирок намоянд.
Муаллифон имкон доранд ба озмун маводашонро, ки дар жанрҳои очерк, публитсистика, мақолаҳои таҳлилӣ ва жанрҳои бадеӣ, аз ҷумла силсилаи ҳикояву ҳаҷвияҳо, ҳазлу мутоиба эҷод гардида, соли 2024 дар матбуоти даврии вилоят ба нашр расидаанд, пешниҳод намоянд.
Имсол низ озмуни вилоятӣ дар ду номинатсия – матбуоту WEB-журналистика ва телевизиону радио дар алоҳидагӣ баргузор мешавад.
Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ (дар ду номинатсия) дар рӯзи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик (11 март) ба ғолибони озмун супорида мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






