ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ГУЛИ САДБАРГ. Парвариши ин гул хароҷоти зиёд талаб накарда, аз аввали баҳор то барфрезиҳо шукуфон боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 26.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бояд гуфт, ки аз охири моҳи январ то охири моҳи феврал барои шинонидани гули садбарг мавсими мувофиқ аст. Бисёр хуб мешуд, агар дар пайравӣ ба иқдоми сабзкорию ободонии роҳбарияти шаҳри Душанбе дар канори роҳҳои асосӣ, кӯчаҳо ва хиёбону гулгаштҳои пойтахти мамлакат шинонидани гулҳои садбаргро зиёд намоем, чун иқлими пойтахт барои рушди ин гул мувофиқ мебошад ва ин тадбир метавонад шаҳри Душанберо ба «Шаҳри гули садбарг» табдил диҳад. Парвариш ва нигоҳубини ин гул хароҷоти зиёд талаб накарда, бо таъмини намнокӣ ва ғизо метавонад аз аввали баҳор то барфрезиҳо зебою шукуфта боқӣ монад.
Тавре сараграноми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мақсуд Ғоибов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» тавсия дод, агар гули садбарг хариданӣ бошед, аввалан пурсон шавед, ки он бо дарахти хуч пайванд карда шудааст?
— Агар бо хуч пайванд шуда бошад, решаи он дар замин чуқуртар рафта, аз оби зеризаминӣ худро бо намӣ таъмин менамояд. Ин гуна садбаргҳо ба рӯзҳои тағйирёбии ҳаво мутобиқ буда, ҳамеша гулҳояшон шукуфон мебошад»,-афзуд номбурда.
Мақсуд Ғоибов хотиррасон намуд, ки ҳамин рӯзҳо барои башаклдарории гули садбарг хеле мувофиқ мебошанд. Гулпарварон бояд навдаҳои садбаргеро, ки аз қаламча парвариш намудаанд, зиёд кӯтоҳ набуранд. Навдаҳои садбаргеро, ки аз реша парвариш шудааст, бояд бо тартиби дилхоҳ буранд. Башаклдарорӣ барои садбарг хеле муҳим аст, навдаҳои кам дар оянда гулҳо ва шакли гулро хеле хуб менамоянд.
Тартиби шинонидани гули садбарг
Беш аз 400 намуди садбарги ёбоӣ мавҷуд аст. Худи гули садбарг 35 барг дорад ва дар тамоми ҷаҳон машҳур аст. Асосан онро барои зебоӣ ва хушбӯйиаш парвариш мекунанд. Аз ҷиҳати ранг ва шакл гули садбарг хеле гуногун мешавад. Шакли баргаш мураккаб буда, пояҳояш аз хорҳои гуногун иборатанд, он ҳатто дар зимистон низ метавонад гул кунад. Садбаргро ба воситаи пайванд намудани реша ё ба воситаи қаламча зиёд менамоянд.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, барои омода кардани қаламчаи садбарг бояд аз фасли тирамоҳ омодагӣ дид. Инчунин қаламчаи онро дар гармхонаҳо парвариш намуда, сипас ба ҳавои васеъ мекӯчонанд. Гули садбарг хоси шароити офтобӣ ва шамолрас мебошад.
Тибқи тавсияи коршиносон, барои қаламчаи гули садбарг ҷойи аз ҳар ҷиҳат мувофиқро муайян ва интихоб намудан зарур аст. Парвариши он зери плёнкаи полиэтиленӣ амалӣ шуда, бараш бояд як — ду метр бошад, яъне ба паҳноии плёнка муносиб бошад. Қаламчаро аз гули садбарги кӯҳнаи шукуфта гирифта, онро як шабонарӯз дар маҳлули перманганати калий нигоҳ медорем. Дар аксарияти хонаҳо ба гули садбарг ҳашароти хурди сафед мечаспанд, қисми поёни баргҳоро назорат бояд кард, чунки ин намуд ҳашарот барги гулро хеле дӯст медорад. Барои нобуд кардани ин намуди ҳашарот собуни сиёҳ ё хокиро майда намуда, дар даруни зарфи шишагин об андохта, омехта менамоем. Баъд ба воситаи омехтаи тайёршуда баргҳои осебдидаро мешӯем. Ҳамин усулро 1 ҳафта давом медиҳем, то ин ки ҳашароти зараррасони баргҳо нест шаванд. Дар вақти кам шудани хоки гулдон онро бо пору ва хок таъмин мекунем. Пору ба қадкашии растанӣ ва зебоии он мусоидат намуда, ба решаҳояш қувват мабахшад. Ҳангоме ки гули садбарг дар хонаҳоятон гул мекунад, муҳити хонаро бӯйи хуш ва таровату зебоӣ фаро гирифта, табъи шахсро хеле болида мегардонад.
Ранги гулҳои садбарг сурх, сафед, зард, гулобӣ, норинҷӣ, бунафш ва ғайра мешавад. Гули садбаргро асосан ба 3 гурӯҳ тақсим менамоянд. Якум- гулҳои ҳамешасабз, ки тез ба гулкунӣ даромада, баландиашон 2-3 метр шуда, давраи гулшукуфиашон дароз аст. Дуюм-гулҳои хазонрез, ки гулҳои он бехӣ буда, бисёр гул дорад. Айёми гулшукуфиашон 20-40 шабонарӯз буда, бештари онҳо баҳорон мешукуфанд. Ба гурӯҳи сеюм садбаргҳои печон дохил мешаванд, ки навдаҳои дароз доранду то 10-20 метр қад мекашанд ва баҳору тобистон сергул мешаванд.
Гули садбарг ба саломатӣ чӣ фоида дорад?
Дар китоби «Энсиклопедияи тиббӣ» омадааст, ки ба маълумоти Абумансури Муваффақ, равғани дар об ҳалнамудаи гули садбарг дарди сарро, ки бар асари ҳарорат ба вуҷуд омадааст, таскин мебахшад. Абӯалӣ ибни Сино бо равғани гул захми меъдаро табобат намуда, афшураи садбаргро давои меъда ва шушу ҷигар меҳисобид.
Дар «Махзан-ул-адвия» омадааст, ки хӯрдани гулбарги садбарг дил, шуш, меъда, ҷигар, гурда, рӯда, бачадон ва рӯдаи ғафсро қувват мебахшад, хунпартоиро бозмедорад. Нӯшидани афшура ё ҷӯшоби гулбарги садбарг барои дилзанӣ, заъфи дил ва дигар узвҳои дарун муфид буда, ҳангоми исҳол меъдаро тақвият медиҳад. Бо ҷӯшоби гулбарг обгардон намудани даҳон милки дандонҳоро устувор менамояд. Бӯйидани садбарг барои дил муфид аст. Яъне, бӯидани гули садбарги сафед ба майна ва дил қувват мебахшад, зукомро барҳам медиҳад, атса меоварад ва бастагиҳои сӯрохи биниро мекушояд.
Оби садбарг моеъи табиие аст, ки аз гули садбарг гирифта мешавад. Он маҳлули антисептик ва антибактериалӣ ҳисобида шуда, дорои хосиятҳои зиддиилтиҳобӣ мебошад, ки онро дар табобати доғҳои пӯст муфид меҳисобанд. Ҳамчунин аз он равған истеҳсол менамоянд ва дар соҳаи ороишӣ васеъ истифода мебаранд.
Аз барги гули садбарг мураббо низ омода мекунанд. Дар як литр об ним кило шакар бо оби лимӯ хуб ҷӯшонида мешавад. Он ба шакли қиём, ки табдил шуд, сипас барги зиёда аз 15 донаи гули садбаргро аз муғчааш ҷудо намуда, бо об шуста, сипас дар қиём омехта намуда, дар оташи паст меҷӯшонем. Ин мураббо барои хушбӯй намудани нӯшоба ва чой созгор буда, ба саломатӣ низ фоидаовар аст. Ҳамчунин баргу гули садбаргро дар ҳавои кушод хушк намуда, дар зарфҳои махсус захира менамоянд. Аз он чой дам карда ё бо омода намудани обмева менӯшанд, ки ба бемории шамолкашӣ, неврозҳо, бронхит ва бемориҳои рӯдаю меъда фоидабахш аст. Инчунин он ба дарди сар ва вайроншавии хоб ба таври назаррас кумак намуда, дорои хосияти пешобронӣ низ мебошад. Он инчунин иштиҳоро беҳтар ва синдроми хастагии музминро рафъ менамояд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз