Филмҳои таҳиянамудаи «Тоҷикфилм» соҳиби 20 ҷоизаи байналмилалӣ гардиданд

Февраль 5, 2025 14:19

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 филмҳои таҳиянамудаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо коргардонҳои тоҷик соҳиби 20 ҷоизаи байналмилалӣ гардиданд. Дар ин хусус директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён 4 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Танҳо дар ду соли охир филми ҳунарии «Дов» 25 ҷоизаи синамоҷашнвораҳои байналмилалиро соҳиб гардид», — гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.

Филми ҳунарии «Дов» нахустин лоиҳаи муштараки «Суғдсинамо» бо «Тоҷикфилм» аст. Филм 117 дақиқа буда, соли 2022 истеҳсол гардидааст.

Филм воқеаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро инъикос намуда, рӯзгори пурпечутоби ду дӯсти ҳақиқӣ ва ҳаёти одамони боистеъдоди зиёии музофотро ба тамошобинон намоиш медиҳад. Ҳирси молу дунё дӯстонро аз ҳам ҷудо месозад ва риштаи рафоқат байни онҳо канда шуда, ҷойи онро нафрату адоват мегирад.

Филм бо забони синамо ва рамзҳои хоси санъати тасвир дӯстии ҳақиқӣ ва ҳаёти одамони боистеъдоди зиёии музофотро, ки арзишҳои олами ботинии онҳо бо ҷаҳони берунӣ мувофиқат намекунад, инъикос намудааст.

Ин филм дар Синамоҷашнвораи байналмилалии «Дарвозаи ғарб», «Московская премьера», «Дакка» «Авруосиё», «Северный характер», «Оянда аз имрӯз-Осиёи Марказӣ» иштирок намуда, ҷоизаҳои «Беҳтарин филми ҳунарӣ» «Беҳтарин нақши мардона» «Беҳтарин филмнома», «Беҳтарин коргардон» ва «Беҳтарин филм»-ро ба даст овардааст.

«Филмҳои истеҳсолнамудаи «Тоҷикфилм» ҳамасола дар синамоҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, бо ҷоиза ва мукофотҳо қадрдонӣ мешаванд. Ин ҳама бо шарофати дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд додани кинои тоҷик мебошад»,-гуфт директори муассиса.

Аз соли 2020 то соли 2024 филми ҳунарию мазҳакавии «Автобус», филми мусиқавию мазҳакавии «Хаёлпарастони музофотӣ», филми ҳунарии «Роҳ», «Баҳори хазонрез», «Охирин сайди сайёд», «Бачаи обӣ», «Дар талоши ҳақиқат», филми ҳунарии кӯтоҳи «Додараки фариштаҳо» ва «Этюд» дар синамоҷашнвораҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, бо Диплом ва ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.

Филми «Бачаи обӣ»-и коргардони тоҷик Файзулло Файзов дар бораи тағйирёбии иқлим, хушкшавии баҳру дарёҳо, муносибати одамон бо табиат дар мисоли писарбачае, ки дар деҳаи Моҳигирон зиндагӣ мекунад ва вақти зиёдашро дар назди баҳре мегузаронад, ки оқибат камоб шуда, моҳиёнаш низ кам мешаванд, қисса мекунад.

Муаллифи филм Бахтиёр Худойназаров, сенариянависон Носир Раҳмон ва Файзулло Файзов мебошанд. Нақшҳои асосиро дар филм Убайдуллоҳи Омон, Меҳроҷиддин Сафар, Аҳмад Қутбиддин ва Соро Собир иҷро кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон соли 2024 дуюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон ва дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» доир гардид. Дар ин синамоҷоиза филмофарон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Беларус, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия, меҳмонон ва дӯстдорони синамои тоҷик иштирок намуданд.

Ҳадафи баргузории озмун аз тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкории синамогарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдод иборат буд.

Ба озмуни Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» барои иштирок ва рақобат беш аз 50 филми пурра, кӯтоҳ, бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ пешниҳод шуд, ки аз ҷониби ҳакамони дохилӣ ва байналмилалӣ баҳогузорӣ ва соҳиби ҷоизаҳои миллӣ гардиданд.

Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки «кӯшиш мекунем солҳои оянда филмҳо аз дигар давлатҳо низ ба Синамоҷоизаи «Тоҷи Сомон» пешниҳод гарданд ва он ба ҷашнвораи байналмилалӣ табдил ёбад».

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2025 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид