Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд

Февраль 12, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 12.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2  дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 25-30 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм,  рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 12, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд