Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва» дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2024 нишасти матбуотӣ доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати адлия соати 09:00 баргузор мешавад.
Дар Суди Олӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 (бинои нави Суди Олӣ, кӯчаи Шевченко,55) доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 баргузор мешавад.
Дар Кумитаи андоз нишасти матбуотӣ соати 11:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур соати 09:00 (кӯчаи, Саид Носир 33, рӯ ба рӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон) доир мегардад.
Дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов нишасти матбуотӣ соати 10:00 ва дар филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хуллаи шаҳри Москва» соати 11:00 баргузор мешавад.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад






