Корхонаҳои саноатии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Февраль 8, 2025 10:36

ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба 1 миллиарду 40 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 ба маблағи 275,1 миллион сомонӣ зиёд буд ва ҳаҷми афзоиши он 138,6 фоиз мебошад. Дар ин хусус 7 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Руслан Қодирзода баён намуд.

Аз 104 корхонаи саноатӣ 65 корхона ҳаҷми истеҳсолро зиёд намуда, 20 корхона ҳаҷми истеҳсолро кам ва 3 корхона фаъолияташро қатъ намуд.

Иброз гардид, ки таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва ба ин васила ташкил намудани ҷойи нави кор дар ноҳия зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, оид ба ин масъала пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Соли 2024 дар ноҳия 7 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда,  корҳои сохтмонӣ дар 2 корхонаю коргоҳ идома доранд.

Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки нақшаи буҷети маҳаллӣ дар ин давра 104,1 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 199,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 7,8 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2023 ба маблағи 12,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2025 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд