«МОДАР! ТУ БИҲИШТИ ҶОВИДОНӢ!». Таҳти ин унвон дар Суғд бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 марти соли равон дар вилояти Суғд Рӯзи Модар бо гузаронидани мулоқоту ҳамоиш, суҳбату конфронсҳо, аз ҷумла ташкили конфронси вилоятии «Модар! Ту биҳишти ҷовидонӣ!» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ҳамзамон тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Модар баргузории иқдоми «Зан ва саломатӣ», «Тоҷикона мепӯшем», мусобиқаҳои варзишӣ ва маҷлисҳои тантанавӣ дар назар дошта шудааст.
Бояд гуфт, ки дар сатҳи давлатӣ ва бо шукуҳу тантанаи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба модарону занон мебошад. Зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ беназир аст.
Ёдовар мешавем, ки дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 баён доштанд, «бояд гуфт, ки мақому манзалати модарон ва занону духтарон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Ҳоло дар мамлакат 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занону духтарон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор занону духтарон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».
Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
Аз оғози амалӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм намуданд.
Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону занон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шуданд.
Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
«Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем. Бовар дорам, ки занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд.
Зеро онҳо эҳёкунандаю нигоҳдоранда ва тарғибкунандаю посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд»,-иброз намуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






