НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми 4,9 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст

Февраль 11, 2025 15:42

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми воридоти сармояи хориҷӣ ба мамлакат дар соли 2024 иттилоъ медиҳад. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода 11 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҳаҷми умумии сармояи хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида соли 2024 4,9 миллиард доллари амрикоиро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2023 2,1 миллиард доллар ё 72,7 фоиз зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки аз ҳаҷми умумии сармояи хориҷии воридгардида беш аз 4,1 миллиард доллар ё 84,2 фоиз ба шаҳри Душанбе, 761,2 миллион доллар ё 15,5 фоиз ба вилояти Суғд, 11,8 миллион доллар ё 0,2 фоиз ба вилояти Хатлон, 3,2 миллион доллар ё 0,1 фоиз ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва 1,3 миллион доллар ё 0,1 фоиз ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.

Аз ин маблағ ҳаҷми сармояи мустақим 394,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2023 110,2 миллион доллар ё 38,8% зиёд мебошад.

Сармояи мустақим асосан ба саноати коркард – 176,4 миллион доллари ИМА (ё 44,7 фоиз), саноати истихроҷ – 145,9 миллион доллари ИМА (ё 37,0 фоиз), миёнаравии молиявӣ – 31,6 миллион доллари ИМА (ё 8,0 фоиз), савдо ва хизматрасонӣ – 28,1 миллион доллари ИМА (ё 7,1 фоиз), соҳаи сохтмон – 5,4 миллион доллари ИМА (ё 1,4 фоиз), кишоварзӣ ва шикор 1,9 миллион доллари ИМА (ё 0,5 фоиз) ва ғайра 5,0 миллион доллари амрикоӣ (ё 1,3 фоиз) равона гардид.

Сармояи мустақими хориҷӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Чин- 150,9 миллион доллари амрикоӣ, Амрико- 118,9 миллион доллари амрикоӣ, Британияи Кабир- 51,1 миллион доллари амрикоӣ, Русия- 28,9 миллион доллари амрикоӣ, Қазоқистон- 15,7 миллион доллари амрикоӣ, Туркия- 5,8 миллион доллари амрикоӣ, Ҷопон- 5,4 миллион доллари амрикоӣ, Фаронс- 4,2 миллион доллари амрикоӣ ва дигар давлатҳо 13,4 миллион доллари амрикоӣ ворид гардидааст.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолиятро ба беҳтар намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи саривақтию самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ равона намуда, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои гузоштаи Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас меандешад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2025 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст