НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 6 ихтисоси нав таъсис ёфт

Февраль 5, 2025 15:06

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  6 ихтисоси нави ба бозори меҳнат ҷавобгӯ таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода иттилоъ дод.

Ихтисосҳои нав «иқтисодиёт ва молияи бозори амвол», «иқтисодиёт ва молияи корхонаҳои хоҷагии шаҳр», «иқтисодиёг ва молияи хоҷагии манзилию коммуналӣ», «менеҷменти лоиҳаҳои рақамӣ», иқтисоди «сабз» ва «иқтисодиёт» мебошанд.

Дар айни замон дар донишгоҳ 6 факултет, 17 кафедраи тахассусӣ ва 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият намуда, аз рӯйи самтҳои гуногун мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, технологияҳои инноватсионию коммуникатсионӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ омода менамоянд.

Барои тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат ҷавобгӯ ва бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён дар давраи ҳисоботӣ байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва 20 вазорату муассисаи бонкӣ, молиявӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва ташкилоти хусусӣ шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Таъкид шуд, ки ҳамасола тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетии донишгоҳ дар асоси дархостҳои воридшуда аз вазоратҳо, муассисаҳо, ташкилоти молиявию қарзӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва ташкилоте, ки эҳтиёҷ доранд, гузаронида мешавад. Ҳамзамон дар соли таҳсили 2024 аз теъдоди умумии хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавии  донишгоҳ 57,2 фоизи онҳо бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2025 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид