НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 6250 нафар дорои дараҷаи илмӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 10.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6250 нафар дорои дараҷаи илмӣ буда, 950 нафар доктори илм, 5088 нафар номзади илм ва 212 нафари дигар доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода иттилоъ дод.
Сайфиддин Давлатзода иттилоъ дод, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 шурои экспертӣ амал мекунад. Онҳо дар баҳогузории воқеъбинона, шаффофияти таҳлил парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳои воридшуда нақши муҳим доранд.
Иброз гардид, ки соли 2024 бо мақсади мусоид ба вазъи соҳа самти «Санъат ва варзиш» барҳам дода шуда, дар заминаи шуроҳои экспертӣ самти илмҳои таърих, мардумшиносӣ, бостоншиносӣ шурои таърих, фарҳангшиносӣ ва санъат таъсис дода шуд. Дар баробари коршиносони дохилӣ боз 5 коршиноси хориҷӣ ба ҳар самт ҷалб гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакат 83 шурои диссертатсионӣ амал мекунад. Дар онҳо аз рӯйи 205 ихтисоси анъанавӣ ва 205 ихтисоси доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯи ихтисос диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа аз рӯи ихтисос, номзади илм ва доктори илм қабул ва баррасӣ мегарданд.
Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин гуфт, ки аз ибтидои фаъолият то давраи ҳисоботӣ барои баробарарзишии ҳуҷҷатҳо ба комиссия 87 дархост ворид гардида, 78 дархости мутобиқи талабот мураттабшуда тасдиқ, 4 адад рад, 5 дархост тасдиқ шуд ва 5 дархости дигар дар баррасии шуъба қарор дорад. Соли 2024 ба комиссия 19 дархости баробарарзиши ҳуҷҷатҳо ворид гардид.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон сифати таҳсил баланд арзёбӣ мегардад, вале қонеъкунанда нест
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон 341 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад
Барои такмили ихтисоси мураббиёну омӯзгорон фаъолияти таълимӣ аз рӯйи низоми модулӣ оғоз гардид
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Носири Хусрав фарогирии кӯдакон ба муассисаи томактабӣ 3,2 фоиз зиёд гардидааст
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад
Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ ду медал ба даст оварданд
Дар ноҳияи Кӯшониён 21 Маркази рушди инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон ба як омӯзгор 18 хонанда рост меояд
Хонандагони фаъоли пойтахт дар истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрии «Шарора» таътили босамар мегузаронанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Хуросон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст
Маркази миллии тестӣ гурӯҳи ихтисосҳои серинтихобро номбар намуд






