НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи андоз аз 108,4 фоиз иҷро гардидани нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба андозаи 108,4 фоиз таъмин намуд. Ба буҷети давлатӣ 20 миллиарду 426 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 1 миллиарду 575 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода иттилоъ дод.
Бо назардошти қабул гардидани буҷетҳои иловагӣ ба маблағи 556 миллион сомонӣ вобаста ба барзиёд иҷро шудани он дар ин давра нақшаи муқарраршуда ба андозаи 105,3 фоиз таъмин гардид. Бо ин ба буҷет нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 1 миллиарду 19 миллион сомонӣ маблағ зиёд ворид карда шуд.
Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 108,2 фоиз, вилоятҳои Хатлон – 104,7 фоиз, Суғд – 104,9 фоиз, шаҳри Душанбе – 110,5 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 105,2 фоиз таъмин карда шуд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






