НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ ошкор гардид

Февраль 5, 2025 15:53

ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар якчанд субъекти хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷаи онҳо қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 5 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода ибрози назар намуд.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ мониторинги номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори берунӣ ва дохили ҷумҳурӣ гузаронида, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд. Аксаран ин номгӯй ё ашёи хом барои истеҳсоли он аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад, ки сабаби болоравии нархи он дар бозори ҷумҳурӣ мегардад.

Соли 2024 бо мақсади пешгирӣ ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона ва ба роҳ мондани рушди рақобати солим дар заминаи пешниҳоди субъектҳои хоҷагидор нархномаи хизматрасонии бархе аз субъектҳо, аз ҷумла истеҳсоли семент, маҳсулоти ширӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ ва ба мувофиқа расонида шуд.

Дар ин давра 58 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ вобаста ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродикунонии истифодаи моликияти зеҳнӣ дар бозори ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз рӯи натиҷаи баррасии муроҷиатҳо тибқи талаботи моддаҳои 16 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қарор, амрнома ва фармоишҳои хадамот оид ба бартараф ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо қабул шуданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2025 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад