ҶОИЗАСУПОРИИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2024. Беш аз 150 нафар ҷавонон ҳавасманд гардонида шуданд

Февраль 4, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 04.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва қадрдонии ғолибони озмунҳои соҳавии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар он беш аз 150 нафар ҷавонон ҳавасманд гардонида шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Пеш аз оғози маросими ҷоизасупорӣ филми кӯтоҳметражи дастовардҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2024 дар самти кор бо ҷавонон манзури ҳозирин гардонида шуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати неруи эҷодӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи беҳтарин анъанаю ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат ба интихоби касбу ҳунар ва имконияти рушди ин соҳаи муҳим ниҳоят гаронарзиш буда, давоми соли 2024 новобаста аз шароити ҷаҳонии фарогир силсилаи ҳавасмандиҳоро барои ҷавонон амалӣ намуд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода изҳор намуд, ки бо мақсади қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат, адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шуд.

Имсол аз ҷониби комиссияи босалоҳият 12 нафар беҳтаринҳо сазовори ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» гардиданд.


Ҳамзамон ғолибони озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технологияю инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ қадрдонӣ шуданд.

Инчунин дар маросим нафарони дигар аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2024», «Беҳтарин волонтёри соли 2024», «Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2024», «Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳо», «Беҳтарин сохтор дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар соли 2024», «Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар соли 2024», «Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2024», «Беҳтарин сохтори кор бо ҷавонон дар соли 2024» ва дигар номинатсияҳо ҳавасманд гардонида шуданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки АМИТ «Ховар» ҳамчун беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар самти кор бо ҷавонон дар соли 2024 сазовори дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гардид.


Ҳамзамон аз ҷониби Кумита ғолибони озмун барои дарёфти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамин тавр, давоми соли 2024 бо мақсади арҷ гузоштан ба айёми фараҳбахшу созгори умри инсон – ҷавонӣ ва ифтихор аз фазои ободу ороми Ватан, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва васфи саодати баланди ҷавонони Тоҷикистон, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии муваффақияти ҷавонони солҳои соҳибистиқлолӣ, васфи хотироти ҷавонии фарзонагони миллат ва фарзандони фарзонаи сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии он ду озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ- «Васфи ҷавонӣ» ва «Ватан-шукуҳат побарҷо» эълон гардида буд, ки ҳарду озмун натиҷагирӣ ва ғолибон бо диплом ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.


Таъкид шуд, ки ҷавонон ба унвони неруи созанда ва ҳалқаи мустаҳками пайванди наслҳои башар нақши муҳим ва рисолати бузурге дар ҷомеа бар дӯш доранд. Пешрафти ҷомеа бе саҳми ҷавонон тасаввурнопазир буда, шукуфоӣ, зебоӣ ва созандагию беҳбудии зиндагӣ аз ҷавонон ғайрату матонати зиёд тақозо мекунад.

Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин насли ояндасоз баръало эҳсос гардида, сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат интихоб гардидааст.

Ҳамзамон гурӯҳи ҳаваскорони Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруду оҳангҳои ҷаззоби ватандӯстонаю тараннумкунандаи ҷавонӣ фазои ҳамоишро гарму мунаввар гардониданд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд