Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Девони Имомати Исмоилия барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 05.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Девони Имомати Исмоилия барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Дар робита ба даргузашти Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони IV ҳамдардии самимии инҷонибро иброз менамоям.
Шодравон бо талошҳои пайвастааш дар роҳи ҳифзи сулҳу субот, пешрафту нумӯи ҷаҳони ислом ва татбиқи ҳадафҳои рушди умум дар арсаи байналмилалӣ маъруфият пайдо намуда, соҳиби мақому манзалати хосса гардидааст. Вобаста ба ин мехоҳам саҳми ӯро дар пешбурди ҳамкории созанда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намоям.
Бо изҳори хотироти нек ва эҳтиром нисбати марҳум таъзияву таслият ва ғамшарикии амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони ӯ иброз намуда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил хоҳонам».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






