Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Сафири Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 январ дар Айвони Садр – қароргоҳи Президенти Покистон вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Юсуф Шарифзода баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ Президенти Покистон саломи гарм ва эҳтироми хосу самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонид.
Дар суҳбат масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи рушдёбандаи ду мамлакат баррасӣ шуда, оид ба рушди минбаъдаи онҳо табодули афкор доир гардид.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба масоили амнияти минтақавӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб баргузор шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






